Эрон гуфт, "Амрико аз диктатору қассобу тундравҳо" ҳимоят мекунад

Вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дар вокуниш ба интиқоди президенти Амрико Доналд Трамп гуфт, ки ИМА “диктатор, қассоб ва тундравҳо”-ро дар Ховари Миёна ҳимоят мекунад. Бо ин изҳороташ, ки дар шабакаи Twitter нашр шуд, Зариф рӯзи 6 феврал ба суханронии президенти Амрико дар Конгресс вокуниш нишон дод. Баъди он ки моҳи маи порсол Трамп ба таври якҷониба аз созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон берун шуду дубора таҳримҳои иқтисодиро болои ин кишвар таҳмил кард, таниш дар равобити Теҳрону Вашингтон боло гирифт.

Дар саҳифаи Twitter-аш вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ навишт, ки “адовати ИМА боиси пуштибонӣ аз диктаторҳо, қассобону тундравҳо шуд, ки дар минтақа танҳо харобӣ меоранд”. Трамп дар суханронии худ дар Конгресс аз қарори берун шудан аз созиши ҳастаӣ ҳимоят кард. Трамп Эронро “сармоягузори калони терроризм дар ҷаҳон” номид ва гуфт, ки маъмурияти Амрико барои муқобила бо ин таҳдидҳо қотеона амал мекунад. Вале Зариф гуфт, ки Эрон, аз ҷумла ҷомеаи яҳудиҳои сокини ин кишвар баъди инқилоби исломии соли 1979 “40 соли пешрафташ”-ро таҷлил мекунад.