Давлатзода: "Комиссияи вижа масъалаи бозкушоии масҷидҳоро баррасӣ мекунад"

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон мегӯяд, ки комиссияи вижа масъалаи бозкушоӣ ва бунёди масҷидҳои нав дар манотиқи кишварро баррасӣ мекунад.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо рӯзи 6-уми январ дар ҳошияи нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси санҷишу баррасиҳои ин комиссия, Кумитаи дин пешниҳоди худро ба ҳукумати Тоҷикистон барои фаъол сохтани масҷидҳо ироа хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар пайи шикоятҳои пайдарпайи сокинон аз набуди масоҷид ва ё дур будани он аз маҳалҳои зист, рӯи даст гирифта шудааст. Шикояти мардум ин будааст, ки хусусан дар фасли сармо ба ин мушкил бештар рӯбарӯ мешаванд. Бархе аз сокинон дар манотиқи кишвар мегӯянд, ки намедонанд намози ҷумъаро дар куҷо адо кунанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар соли 2018 танҳо дар ноҳияи Ваҳдат ҳудуди 100 масҷид аз нав ба қайд гирифта шуда ва иҷозаи фаъолият дарёфт карданд. Ин хабарро мақомоти ҳукумати ноҳияи Ваҳдат низ таъйид карда ва гуфтанд, ки аксари ин масҷидҳо қаблан фаъолият доштанд, вале тайи солҳои ахир баста шуданд.

Тибқи маълумоти Кумитаи оид ба корҳои дин, феълан дар кишвар 3867 иттиҳодияи динӣ дар феҳрасти давлатии иттиҳодияҳои динии кишвар ба қайд гирифта шудааст.