Мавқеи Тоҷикистон дар шохис ё индекси озодиҳои иқтисодии Бунёди Мерос-2019 (Heritage Foundation: 2019 Index of Economic Freedom) поинтар рафта, дар миёни кишварҳои "ғолибан ноозод" ва дар зинаи 122-юм ҷой гирифт.
Дар гузориши нави Бунёди Мерос, қароргоҳаш дар Амрико, гуфта мешавад, мавқеи Тоҷикистон дар соли гузашта бино ба мушкилот дар бахши озодиҳои тиҷоратӣ ва вазъи соҳибкорӣ поин рафтааст.
Дар гузориш омадааст, бо вуҷуди дар авлавияти кори ҳукумат будани кумак ба сохторҳои бонкӣ, ин система дучори мушкили зиёд аст. "Фазои бади тиҷоратӣ, муқаррароти бюрократӣ, мудирияти номуназзам ба фазои сармоягузорӣ таъсир гузоштааст", - омадааст дар гузориш.
Талошҳо барои кумак ба нигоҳ доштани қурби асъори хориҷӣ имкони роҳандозии тадбирҳои пулии дигарро коҳиш медиҳад. Бо вуҷуди пешрафти муайяне дар бахши хусусӣ, суръати рушд дар ин бахш хеле кам будааст.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки иҷрои қонунҳо хеле заиф буда, Тоҷикистон дар миёни кишварҳои олуда ба фасод боқӣ мемонад. Соли 2017 Тоҷикистон дар ин гузориш дар мавқеи 109 ва дар гурӯҳи кишварҳои “ғолибан ноозод” қарор дошт.
Ин арзёбиҳо дар ҳолест, ки мушкил дар бахши иқтисоду соҳибкорӣ ва бахши сармоягузории Тоҷикистонро мақомоти баландпояи кишвар ҳам эътироф мекунанд. Дар маҷлиси солонаи ҳукумати Тоҷикистон, ки рӯзи 21-уми январ баргузор шуд, маҳз бахши иқтисод мавриди баррасӣ ва интиқоди шадид қарор гирифт.