Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, ки мақомоти ин кишвар амалиёти берунории шаҳрвандонро аз Сурия идома медиҳанд. Дар ин бора рӯзи 21 январ Айбек Смадияров, намояндаи расмии вазорат иттилоъ дод.
"Дар ин амалиёт таваҷҷуҳи асосӣ ба кӯдакони то синни 5-сола равона мешавад. Аксари онҳо дар ҳудуди Сурия таваллуд шудаанд. Мо метавонем бигӯем, ки ин марҳилаи ниҳоии амалиёт нест", - гуфт Айбек Смадияров.
Мақомоти он кишвар рӯзи 9 январ эълон карданд, ки 47 шаҳрванди Қазоқистонро аз Сурия берун овардаанд. 30 нафари онҳо кӯдакон ва 11 нафар занҳо буданд.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки наздики 800 шаҳрванди ин кишвар аз оғози ҷангҳои Ховари Миёна ба Сурияву Ироқ рафтаанд. "120 марди қазоқистонӣ, бештар аз 250 зан ва 500 кӯдаки ноболиғ дар созмонҳои террористӣ ҳузур доранд", - хабар медиҳанд мақомоти Қазоқистон.