Субҳи душанбеи 22-юми январ зилзила қисматҳои марказии Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои масъулони Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон, заминҷунбӣ соати 9:33 ба вақти Душанбе рух дод.
Шоҳрух Муродқулов, як масъули Маркази зилзиласанҷӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маркази заминҷунбӣ дар миёни Душанбе ва Ҳисор мебошад. Манбаъ гуфт, қувваи заминларза дар маркази он 3,9 балл ва дар шаҳри Душанбе қариб 3,5 баллро ташкил дод. Хисороти ношӣ аз ин заминларза феълан дақиқ нест.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт мешавад. Мақомоти Академияи илмҳои Тоҷикистон гуфтанд, ки дар як соли охир дар қаламрави кишвар 26 ҳазор мавриди заминҷунбӣ сабт шудааст.