Мақомоти Туркманистон дар ҳоли ҳозир сарбозони эҳтиётиро сабти ном мекунанд. Дар ҳамин ҳол, манбаъҳо мегӯянд, тамоми марзи Афғонистон бо Туркманистон дар ихтиёри ҷангҷӯён аст.
"Ба ҳамаи нуқтаҳои бақайдгирии низомӣ дастур шудааст, ки мардони то 50-соларо барои омодагӣ ба амалиёти низомӣ санҷанд",-хабар дод як манбаъ аз вазорати мудофиаи Туркманистон. Ба гуфтаи ин манбаъ, сабти номи сарбозони эҳтиётӣ ба вазъи марз бо Афғонистон рабт дорад. "Вазъи марз ноором аст",-гуфт манбаъ.
Панҷ вилояти Афғонистон бо Туркманистон ҳаммарз ҳастанд. Ахиран расонаҳо хабар доданд, ки низомиёни рус бо ҳамтоёни туркманашон размоишҳои муштарак барпо мекунанд. То ин замон низомиҳои Русия борҳо хабар доданд, ки гуруҳи қавии тундгаро дар марзи Афғонистон бо Туркманистон ҷамъ шудааст.