Қатъи интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Узбекистон

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ ба Узбекистонро қатъ кардааст. Як манбаи муътамад дар ширкати "Барқи тоҷик" 11-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт "раҳбарияти ширкат тасмим гирифт ҳоло, ки Тоҷикистон нерӯи барқи изофӣ дар ихтиёр надорад, содироти онро ба кишвари ҳамсояи Узбекистон қатъ кунад. Дар сурати фароҳам шудани шароити тавлиди нерӯи барқи изофӣ, содироти он ба Узбекистон азсар гирифта мешавад".

Ба иттилои манбаъ, аз баҳори соли ҷорӣ Тоҷикистон партоби холии об аз обанборҳои нерӯгоҳҳои Тоҷикистон қатъ карда, барқи изофии тавлидшударо ба Узбекистон бар ивази 2 сенти амрикоӣ барои ҳар як киловатт соат мефурӯхт. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон соли ҷорӣ ба кишвари ҳамсоя тақрибан 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқ фурӯхтааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан гузориш шуда буд, ки ба далели тахриби хатҳои интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ширкати "Барқи тоҷик" бо истифода аз хатҳои интиқолии Узбекистон ба Афғонистон нерӯи барқ содир мекунад. Ҳамчунин, ба иттилои созмонҳои молии байналмиллалӣ, Тоҷикистон ба миқдори андак содироти нерӯи барқ ба Қирғизистонро низ идома медиҳад.

Ҳамзамон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон хабарҳо дар бораи ҷорӣ шудани маҳдудият ё ба истилоҳ "лимит" дар истифодаи нерӯи барқ мерасанд. Ҳарчанд раҳбарияти "Барқи тоҷик" чунин маҳдудиятҳоро ба далели анҷоми "корҳои таъмирӣ" рабт медиҳанд.