Милисаҳои Узбекистон бо Қуръон савганд ёд карданд, ки пора намегиранд

Кормандони мақомоти интизомии вилояти Тошканди Узбекистон бо Қуръон савганд ёд карданд, ки пора намегиранд ва тамаъҷӯӣ намекунанд.

Аксе, ки лаҳзаи маросими "савгандёдкунӣ"-и як корманди милисаи ноҳияи Юкоричирчикро сабт кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад. Як манбаъ гуфт, ин маросим дар ҳузури сархатиби ноҳия барпо шудааст.

Аз Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар доданд, ки маросими савгандёдкунии кормандони милиса дар доираи барномаи мубориза бо фасодкорӣ роҳандозӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки миёнаҳои моҳи ноябри имсол дар бархе аз вилоятҳои Узбекистон кишоварзон низ ба ҳамин тарбит савганд ёд карда буданд. Онҳо савганд хӯрданд, ки ба касбашон содиқ мемонанд, барои рушди кишвар саҳм мегузоранд ва фасодкорӣ намекунанд. Ба ҷуз аз кишоварзон табибон ҳам чунин савганд хӯрда буданд.