Бозори тоҷирони узбек дар Исфара холӣ монд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бозори тоҷирони узбек дар шаҳри Исфара, ки то се моҳи пеш арзону серодам буд, холӣ мондааст. Ин бозор баҳори имсол дар пайи беҳбуд ёфтани равобити Тоҷикистону Узбекистон боз шуд, вале фаъолияташ дер давом накард. Мақомоти расмӣ сабаби аз кор мондани бозори тоҷирони узбекро шарҳ надодаанд.