Президенти тозаинтихоби Гурҷистон Саломе Зуробишвилӣ гуфт, ки бинобар амалҳои Маскав алайҳи Украина ба имкони ҳамкорӣ бо Русия шак дорад.
Зуробишвилӣ рӯзи 29 ноябр дар суҳбат бо Би-би-сӣ Русияро ба тасарруфи батадриҷи заминҳои Гурҷистон ва рабудани шаҳрвандони ин кишвар дар "хати ишғол" айбдор кард. Ӯ "хати ишғол" марзи эътирофношуда бо Осетияи Ҷанубиро меномад. Сиёсатмадори гурҷӣ гуфт, кишвараш мавқеи аврупогароӣ дорад ва агар Аврупо бо Маскав муколама оғоз кунад, Тбилиси аз он пайравӣ хоҳад кард.
Гурҷистон дар гузашта борҳо Русияро ба рабудани шаҳрвандонаш дар марз бо Осетияи Ҷанубӣ айбдор карда буд. Москва Осетияи Ҷанубиро давлати мустақил эътироф карда, дар он қаламрав пойгоҳи низомӣ бо 4 ҳазор сарбозро мустақар кардааст. Истиқлолияти Осетияи Ҷанубиро ба ҷуз Русия, боз 5 давлати дигар эътироф кардаанд. Осетияи Ҷанубӣ, ки дар асл қаламрави гурҷистон аст, соли 2008, пас аз як задухурди мусаллаҳона бо иштироки низомиёни рус аз Гурҷистон ҷудо шуд. Тифлис ва кишварҳои Ғарб амали Москва дар минтақаро таҷовузкорӣ ва ишғолгарӣ меноманд. Вале Русия онро амалиёти сулҳовар мегӯяд.
Саломе Зуробишвилӣ дар даври дувуми интихоботи президентии Гурҷистон бо гирифтани тақрибан 20 дарсад раъйи бештар ҳарифи худро шикаст дод. Ӯ пирӯзии худро "пирӯзии Аврупо" номид.Рақиби Зуробишвилӣ Григол Вашадзе, ки аз ӯ ҷонибдорони президенти пешин Михаил Саакашвилӣ ҳимоят мекарданд, гуфт, натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад. Ӯ мақомотро ба он айбдор кард, ки ба раъйдиҳандагон фишор оварда, даст ба сохтакорӣ заданд.