Трамп гуфт, дар сурати зарурат зидди муҳоҷирон оташ кушода шавад

Президенти ИМА Доналд Трамп ба низомиён иҷозат дод, дар сурати зарурат, дар марз бо Мексика ба самти муҳоҷироне оташ кушоянд, ки аз Амрикои Марказӣ меоянд. Дар ин бора телевизиони CNN хабар додааст.

Ба гуфтаи Трамп, дар миёни муҳоҷирон садҳо ҷинояткор ҳаст ва онҳо барои ӯ «интихоби дигар»-еро намегузоранд. Президенти ИМА ҳамзамон изҳори умед кард, ки зарурати оташкушоӣ ба самти муҳоҷирон пеш нахоҳад омад. Ӯ баста шудани тамоми марзҳои кишварашро бо Мексика аз эҳтимол дур надонист.

Трамп гуфт: «Агар зарурати тақвияти назорати марз зарур бошад, онҳо аз нирӯ истифода хоҳанд кард. Ман ризоят додаам. Фақат агар онҳо маҷбур шаванд, вагарна зарурат нест. Вале медонед, ки онҳо бо ҳадди ақал 500 ҷинояткори сангин сарукор мегиранд? Аз ин рӯ, ман иҷоза намедиҳам, онҳо бартарӣ дошта бошанд. Ман интихоби дигар надорам. Оё ман хоҳиши инро дорам, ки низомиёни амрикоӣ аз нирӯ истифода кунанд? На! Вале мо бо одамони хеле бад сарукор мегирем».

Аз ин пештар, ҳафтаи равон Вазорати дифои ИМА ба низомиён иҷозат дод, дар ҳолатҳои сар задани бетартибӣ ва таҳдидҳо ба ҷони кормандони гумруку марзбонон муҳоҷиронро боздошт кунанд ё зидди онҳо оташ кушоянд.

Ба марзҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳида муҳоҷирон асосан аз Амрикои Лотинӣ меоянд. Онҳо мақсади дарёфти паноҳандагӣ дар ИМА-ро доранд. Трамп борҳо гуфтааст, ки дар миёни онҳо «каллабурон» ҳам ҳастанд. Ба хатти марз ҳудуди шаш ҳазор низомии амрикоӣ сафарбар шудааст.