Ҳамла ба консулгарии Чин дар шаҳри Карочии Покистон

Шаҳри Карочӣ. Акс аз бойгонӣ.

Рӯзи 23-юми ноябр дар пайи ҳамла ба консулгарии Чин дар шаҳри Карочии Покикистон, ҳадди ақал ду пулис кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст. Ҳамла ба консулгарии Чин дар Карочӣ соатҳои 9:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух додааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои байналмилалӣ, як гурӯҳи ҷудоиталаби балуҷ, ки худро "Артиши озодибахши Балуҷистон" меномад, масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифт.

Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" гузориш медиҳад, ки ҳамла ба ин маҳал дар шаҳри бандарии Карочӣ ҳамчунон идома дорад. Як шабакаи телевизионии Покистон мегӯяд, дар атрофи маҳали консулгарии Чин садои таркиш низ шунида шудааст. Ҳамин шабака аз марги яке аз ҳамлагарон хабар додааст. Ба гузориши хабаргузориҳо, ҳеҷ яке аз кормандони сафорат дар ин ҳамла осеб надидааст.