“Ӯзбекконсерт” аз овозхон "San Jay" талаб кард, ришашро тарошад

Овозхони узбек Санҷар Ҷавбердиев

Сароянда ва оҳангсози ӯзбек Санҷар Ҷавбердиев, ки бо номи "San Jay" маъруф аст, мегӯяд, масъулони “Ӯзбекконсерт” аз ӯ талаб доранд, барои дарёфти иҷозатномаи фаъолият ришашро тарошад.

“Ду моҳ пеш барои иҷозатнома ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кардам. Бори охир бо мудири Шуъбаи иҷозаи фаъолияти сарояндагӣ Фурқат Шавазов вохӯрдам, гуфт, агар бо риш биёӣ, туро роҳ намедиҳанд”, - гуфт Ҷавбердиев дар суҳбат бо Gazeta.uz.

Ба гуфтаи сарояндаи узбек, ӯ танҳо барои роҳ ёфтани сурудҳояш ба радио мехоҳад, иҷозатномаро дарёфт кунад. “Ман гуфтам, ки ба хотири талаби “Ӯзбекконсерт” имиҷи худро тағйир намедиҳам. Ахиран раҳбари ин ниҳод Одил Абдуқаҳҳоров ба намояндаи ман гуфтааст, ки “то ришашро нагирад, иҷозатнома намедиҳем”, - афзуд сароянда.

Раҳбари "Ӯзбекконсерт" дар суҳбат бо Gazeta.uz изҳор дошт, ки дар бораи додани иҷозатнома на масъулони ниҳоди зери раҳбарии ӯ, балки гуруҳуи дастгирии эҷодии Шӯрои рушд ва ҳамоҳангсози санъати миллӣ тасмим мегиранд. Ба гуфтаи ӯ, Ҷавбердиев, ба ҷаласаи ояндаи гуруҳ, ки дар 15 рӯз як бор баргузор мешавад, даъват хоҳад шуд.

Санҷар Ҷавбердиев дар робита ба мушкили худ ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев муроҷиат кардааст. Ӯ 40 сол дорад ва бо забонҳои узбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ суруд мехонад. Чандин сол дар Русия кору зиндагӣ карда, соли 2010 унвони Ҳунарманди мардумии Чеченистонро соҳиб шуд. Ду сол пеш ба Узбекистон баргашт. Сурудҳои Ҷавбердиев дар ҳоли ҳозир, дар телевизион ва радиоҳои Узбекистон пахш намешаванд, чун иҷозатнома надорад.