Бино ба гузоришҳо, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украина ҳангоми бозии теннис, зону ва камарашро ба ҳадде маҷруҳ кардааст, ки қудрати ҳаракат надорад.
Олександр Хорошинский, яке аз вакилони дифои Виктор Янукович, рӯзи 18-уми ноябр гуфт, ки Виктор Януковичро рӯзи 16-уми ноябр барои муолиҷа ба шифохона бурдаанд ва мумкин аст, ӯ дар мурофиаи додгоҳиаш сухани ниҳоиро гуфта натавонад.
Мурофиаи додгоҳии Виктор Янукович, ки ба хиёнат ба ватан муттаҳам мешавад, рӯзи 19-уми ноябр ва дар ғайбаш дар шаҳри Киев сурат мегирад. Ӯ, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, аз тариқи видео дар додгоҳ сухан мегуяд.
Додситонҳои Украина мехоҳанд, Виктор Янукович барои зери хатар мондани истиқлол ва тамомияти арзии кишвар ба зиндони якумрӣ маҳкум шавад.
Олександр Хорошинский гуфт, ӯ бо Виктор Янукович, дар бораи мурофиа радду бадали кӯтоҳе доштааст ва ӯ ба сабаби беморӣ наметавонад, дар муҳокима ширкат кунад. "Ман ба чашмони хеш дидам, ки ӯ ҳаракат карда наметавонад" - гуфтааст, вакили дифои раиси ҷумҳури собиқи Украина.