Гуруҳи Ҳамос Исроилро мушакборон кард

Автобуси Исроил баъди зарбаи мушакии Ҳамос

Гуруҳи исломии Ҳамос, ки навори Ғаззаро зери назорат дорад, рӯзи гузашта ба ҷануби Исроил бештар аз 100 мушак партоб кард. Даҳҳо зарба аз сӯи сохтори зиддимушакии Исроил хунсо шуд, бархе аз онҳо ба минтақаҳои аҳолинишин расиданд. Ба иттилои пешакӣ, 13 сокини Исроил ҷароҳат бардоштааст.

Нашрияи The Jerusalem Post менависад, яке аз мушакҳо ба автобус бархӯрда, дар натиҷа ҷавони 19-сола ҷароҳати сангин бардоштааст.

Ҷиноҳи мусаллаҳи Ҳамос гуфта буд, ки дар посух ба амалиёти неруҳои вижаи исроилӣ ин кишварро мушакборон мекунад. Дар натиҷаи амалиёти неруҳои исроилӣ шаби 12 ноябр 7 фаластинӣ кушта шуд.

Баъди ҳамлаи мушакӣ аз сӯи навори Ғазза, неруҳои низомии исроилӣ ҳам ба Ғазза ҳамла карданд. Дар ҳамлаи ахир ду фаластинӣ кушта шуд.