Мақомоти Эрон ба садҳо зан иҷоза доданд, ки бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиёро дар майдони азими футболи Теҳрон тамошо кунанд. Роҳ ёфтани занон ба бозиро, як қадами эҳтимолӣ ба сӯи лағви манъи вуруди занон ба бозиҳои футбол дар Эрон медонанд.
Аксарияти заноне, ки рӯзи 10-уми ноябр дар майдони Озодӣ бозии дастаи Персеполис бо Кашима Антлери Ҷопонро тамошо кардаанд, хешовандони бозигарон, аъзои тими духтарони футболбоз ва ё кормандони Федератсиюни Футболи Эрон буданд.
Бозии ду даста бо ҳисоби мусовии 0-0 анҷом ёфт, вале азбаски тими ҷопонӣ дар бозии аввал бо ҳисоби 2 бар 0 Персеполисро шикаст дод, имсол қаҳрамони Лигаи қаҳрамонони Осиё шуд.
Бозиро Ҷианнӣ Инфантино, раиси Федератсияи Байналмилалии Футбол ҳам тамошо кард, ки айни замон барои роҳ додани занон ба бозиҳои футбол бо мақомоти Эрон кор мекунад. Баъди Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979, занонро аз ҳаққи тамошои бозиҳои футбол дар майдон маҳрум карданд.