Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократи Қирғизистон Исо Омурқуловро аз сафи ин ҳизб хориҷ кард. Қарори берун кардани Омурқулов дар ҷаласаи рӯзи 31-уми октябр қабул шуд.
Узвияти Омурқулов дар Ҳизби сотсиал-демократ ба хотири "рафтори хилофи ҳадафҳо, вазифаҳо ва оинномаи ҳизб" қатъ гардидааст.
Ҳамзамон ба вакилони порлумони Қирғизистон тавсия шуд, ки Омурқуловро аз раисии ҷиноҳи порлумонӣ бекор кунанд.
Шӯрои сиёсии Ҳизби сотсиал-демократ қарор кард, ки анҷумани 18-уми ҳизб рӯзи 6-уми апрели соли 2019 баргузор шавад. Шӯро Алмосбек Отамбоевро роҳбари кумитаи баргузории анҷуман таъйин кард.
Охири моҳи октябр дар чаҳор вилояти Қирғизистон конфронсҳои "Ҳизби сотсиал-демократ бидуни Отамбоев" баргузор шуд. Дар ин конфронсҳо иштирокдорон аз роҳбари ҷиноҳи порлумонии ҳизби сотсиал-демократ Исо Омурқулов пуштибонӣ кардаанд.