Садамаи як худрави сафорати Русия дар Душанбе

Бинои сафорати Русия дар Тоҷикистон.

Як автомашинаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе ба садама дучор шудааст. Мақомот мегӯяд, ронандаи мошин ҷароҳат бардошта, баъзе қисматҳои роҳ хароб шуданд. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳодисаи ба садама дучор шудани автомашинаи Сафорати Русия дар Душанбе нимашаби 31-уми октябр соати 00:30 дақиқа рух дод.

Ба қавли манбаъ, дар ин соат ронандаи автомашинаи тамғаи "Хундай-Туксон" бо рақами дипломатии 002Д016 ҳангоми ҳаракат тавассути хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт, дар сероҳаи кӯчаҳои Шероз-Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи маркази савдои "Баракат" аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба панҷараи оҳанин бармехӯрад.

Дар ВКД мегӯянд, дар ин ҳодиса ронанда осеб дидааст. Аммо номи ронанда ифшо нашудааст. "Ҳамчунин панҷараи оҳанини иҳотакунандаи бари ҳудуди сероҳаи мазкур, санги хорои рӯйпуши девори қисми болоии гузаргоҳи зеризаминӣ ва дигар қисматҳои гузаргоҳ корношоям гардидааст",-афзуд манбаъ.

Мақомот мегӯянд, ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад. Масъулини Сафорати Русия дар Тоҷикистон то ҳол дар ин маврид ибрози назар накардаанд.