Кумитаи тафтишот таркиши Архангелскро "ҳодисаи эҳтимолии террористӣ" номид

Кумитаи тафтишоти Русия ба таҳқиқи ҳодисаи таркише дар идораи Хадамоти амнияти федеролии воқеъ дар дар шимоли Русия шурӯъ кард ва гуфт, ки эҳтимолан ин як амали террористӣ аст. Дар натиҷаи ин таркиш як нафар кушта шудааст. Дар изҳороти ин кумита гуфта мешавад, ки шахси гумонбар ба бомбгузории идораи ФСБ дар шимолу шарқи шаҳри Архангелск як ҷавони маҳаллӣ буд, ки дар натиҷаи таркиш худ ҳалок шуд.

“Бинобар маълумоти пешакӣ, сокини 17 солаи маҳаллӣ, ки маводи мунфаҷираи дастсохтро ба кор даровард, дар натиҷаи инфиҷор кушта шуд”, гуфта мешавад дар изҳорот. Дар натиҷаи ин таркиш ҳамчунон се корманди ФСБ ҷароҳат бардоштанд.

Игор Орлов, раиси вилояти Архангелск гуфт, баъд аз ин ҳамла мақомот чораҳои амниятиро дар ҳамаи идораҳои давлатӣ ташдид карданд.

Кумитаи миллии зиддитеррористӣ қаблан гуфт, баъд аз таркиш одамон аз ин идора берун оварда шуданд.