“Соҳибкорбонк” - як бонки хусусӣ дар Тоҷикистон ба ироаи хадамоти бонкдории исломӣ шурӯъ кард. Дафтари матбуоти “Соҳибкорбонк” иттилоъ дод, ки рӯзи 28-уми октябр миёни ин бонк ва ширкати кувайтии ITS - International Turnkey Systems оид ба татбиқи аввалин системаи автоматикунонидашудаи бонкии исломӣ шартнома ба имзо расид.
Низоми идораи бонки исломӣ бо вижагиҳои худ аз бонки анъанавӣ фарқ карда, дар баробари ҳама амалиёти бонкдории анъанавӣ, усулҳои бонкдории исломӣ, назири “Мудараба”, “Мушарака”, “Истисна”, “Салам”, “Иҷара”, “Мурабаҳа”-ро ба роҳ мондааст.
Ширкати ITS яке аз аввалин ширкатҳои тавлидкунандаи САБ-и исломӣ буда, соли 1981 ташкил шудааст.
Ба гуфтаи як манбаъ дар “Соҳибкорбонк”, роҳандозии чунин низом яке аз ҷузъҳои асосии раванди табдилдиҳии ҶСК “Соҳибкорбонк” аз бонки анъанавӣ ба бонкии исломӣ мебошад.
Мақомоти “Соҳибкорбонк” дар аввали соли ҷорӣ дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, барои табдил шудан ба бонки исломӣ бо Корпоратсияи исломии рушди бахши хусусӣ (ICD) шартнома имзо карданд. Масъулини “Соҳибкорбонк” мегӯянд, харҷи амалӣ шудани лоиҳаро пурра худи бонк пардохт хоҳад кард. Гуфта мешуд, ки “Соҳибкорбонк” баъд аз анҷоми умури ташкилӣ омода мешавад дар соли 2019 ба сокинони кишвар қарзҳои бефоиз пешниҳод кунад.
Дар соли ҷорӣ муассисаи қарзии “Алиф Сармоя” ҳам ба сокинони Тоҷикистон барои харидории ашёи рӯзғор қарзҳои бефоиз пешниҳод мекунад ва мизоҷон дар тӯли ним сол ин маблағро бозпас медиҳанд.
Ин хабарҳо дар ҳолест, ки дар паи бӯҳрони бонкӣ дар Тоҷикистон, дар давоми чанд соли охир ду бонк варшикаста шуда, ду бонки дигари ба истилоҳ низомсоз ва замоне хеле муваффақ дучори мушкил шудаанд.