Вазорати нақлиёт ва роҳҳои Қирғизистон тасмим дорад, ҳаҷми пардохтро аз шоҳроҳҳои ин кишвар муайян ва чунин лоиҳаро ба порлумон ирсол кунад. Вазорати мазкур бо такя ба қарори ҳукумати Қирғизистон дар бораи рушди роҳҳо барои солҳои 2016-2025 мехоҳад, убур аз шоҳроҳҳоро пулакӣ кунад.
Нурлан Кайинбоев, роҳбари гуруҳи мушовара гуфт, дар ҳоли ҳозир баҳс сари он аст, ки кадоме аз роҳҳо бояд пулакӣ шаванд. Айни ҳол таҳияи лоиҳаи мазкур идома дорад. Дар рӯзҳои наздик ҳуҷҷатро дар баррасии умум хоҳанд гузошт.
Ба гуфтаи Нурлан Кайинбоев, талош мешавад, ки пардохти маблағи убур аз роҳ тариқи дастгоҳҳо сурат гирад. "Омили инсонӣ ба ҳадди ниҳоӣ расонида хоҳад шуд. Касе ки маблағ мепардозад, бояд донад, ки маблағи вай чи гуна сарф мешавад. Ба ҷуз ин, мо ба сифати роҳҳо таваҷҷуҳ мекунем",-гуфт вай.