Айбдоркунанда хост, муттаҳамони марги 52 муҳоҷири узбек зиндонӣ шаванд

Айбдоркунандаи давлатӣ дар як додгоҳи Қазоқистон барои панҷ муттаҳам дар сӯхтори автобусе, ки боиси марги 52 шаҳрванди Узбекистон шуд, ҳукми зиндон талаб кард.

Додситон Осмон Оринбасарули аз додраси ин парвандаи пурсарусадо тақозо кард, ки се нафар аз айбдоршавандагон ба 5 соли зиндон ва ду нафар кормандони ширкати қазоқистонии Asia Transit Service, ки автобус ба он тааллуқ дошт, ба 7 соли зиндон маҳкум шаванд.

Ронандагони автобус ба куштор аз беэҳтиётӣ ва нақзи қоидаҳои зиддисӯхтор дар воситаҳои нақлиёт муттаҳам мешаванд. Ду корманди ширкат ба истифодаи воситаи нақлиёти вайрон ба ҳадафҳои тиҷоратӣ айбдор мешаванд.

Яке аз корманди сатҳи поёнии ин ширкат низ ба беэҳтиётӣ ва тақаллуби ҳуҷҷатҳо мутаҳам мешавад. Ин панҷ нафар ҳамаи айбҳоро рад мекунанд. Мурофеаи додгоҳии онҳо 3-уми сентябр оғоз шуда буд.

Сӯхтор дар шимолу ғарби ноҳияи Оқтеппа рӯзи 18-уми январи имсол, замоне ки автобус аз Чимкент ба ҷануби Қазоқистон ва аз он ҷо ба Самара равон буд, рух дод.

Муфаттишон собит карданд, ки сабаби сар задани сӯхтор фонуси газие шудааст, ки аз ҷониби мусофирон барои гарм кардан дар тули сафари тӯлонӣ истифода мешуд.

Ба гуфтаи масъулон, автобуси Сетра ҳанӯз 29 сол қабл истеҳсол шудааст ва барои мусофиркашонӣ иҷозатнома надошт.

Мақомот гуфтанд, ки мӯҳлати сертификати бехатарии техникии автобус соли 2016 тамом шуд буд.

Бисёре аз муҳоҷирони корӣ аз Узбекистон таввасути сайрхатҳои тӯлонии Қазоқистон ба Русия барои кор сафар мекунанд.