Ҳукумат як бахши осоишгоҳи “Оби гарм”-ро ба фурӯш гузошт

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон як қисми бино ва иншооти “Осоишгоҳи Оби Гарм”-ро дар ноҳияи Роғун ба фурӯш гузоштааст.

Музоядаи фурӯши ин иншоот, қарор аст, рӯзи 2-юми ноябри имсол баргузор шавад ва нархи ибтидоии он ним миллион сомонӣ муайян шудааст.

Осоишгоҳи “Оби гарм” дар канори рӯди Элок ва дар баландаии 1300 метр бар асоси чашмаҳои гарм, ки аз минералҳои гуногун ғанӣ буда ва хосияти шифобашӣ дорад, бунёд шудааст.

Гармии оби ин осоишгоҳ 40-48 дараҷа буда, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нодир аст ва танҳо ба осоишгоҳи Тсахалтаи Гурҷистон шабоҳат дорад. Ин осоишгоҳ айни ҳол 200 ҷой дорад.

Тайи панҷ соли охир ҳукумати Тоҷикистон истироҳатгоҳҳои машҳури “Шоҳамбарӣ” ва “Зумрад”-ро ба фурӯш гузошт.

Дар як соли гузашта аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ҳудуди 28 миллион сомонӣ ба буҷаи давлат ворид шудааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло беш аз 100 корхонаи хурду бузургу давлатӣ боқӣ мондааст, ки саҳмияҳояшон пурра дар ихтиёри давлат аст.