Интихобот дар Кандаҳор бо як ҳафтаи таъхир баргузор шуд

Райъдиҳӣ дар интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷиргаи Афғонистон дар вилояти Кандаҳор баъди як ҳафтаи таъхир баргузор шуд.

Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки рӯзи 27-уми октябр даҳҳо ҳазор сокини ин вилоят барои овоздиҳӣ ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.

Интихобот дар Кандаҳор ба хотири ноамнӣ дар маркази вилоят, ки дар натиҷаи он Абдурраззоқ, фармондеҳи пешини пулис ва генерал Абдулмуъмин Ҳусейнхел, раиси собиқи амнияти миллии Кандаҳор кушта шуданд, барои як ҳафта ба таъхир афтод.

Гулҷон Абдулбадеъ Сайёд, раиси Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи 27-уми октябр дар суҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфт, “интихобот дар тамоми вилояти Кандаҳор баргузор шуд. Омодагии комил гирифта шуда буд. Аммо амалан баъзе мушкилҳое вуҷуд дошт, ки дар соатҳои аввал ба он расидагӣ сурат гирифт”.

Интихоботи порлумонӣ ё Вулуси Ҷирга дар минтақаҳои дигари Афғонистон ҳафтаи гузашта баргузор шуд.

Кумисюни мустақили интихобот дар Афғонистон мегӯяд, қаблан дар вилояти Кандаҳор ҳудуди панҷсад ҳазор нафарро барои иширок дар ин интихобот сабтином кардааст.