Ҳукумати Узбекистон тасмим дорад, ки хлеб ё нонро аз рӯйхати маҳсулоти дорои аҳамияти стратегӣ хориҷ кунад. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба девони вазирон хабар доданд.
Дар сурати қабули ин тағйирот, давлат дигар қимати нонро танзим намекунад.
Ин дар ҳолест, ки дар Узбекистон аз 15-уми сентябр арзиши як хлеб тақрибан ду баробар боло рафта, аз 650 сӯм ба 1200 сӯм расид. Чунин ҷаҳиши арзиши нон баъди он рух дод, ки қимати онро бозор таъйин кард.
Ба рӯйхати маҳсулот ва хидматрасониҳои стратегӣ дар Узбекистон дар ҳоли ҳозир 21 номгӯ шомил аст. Арзиши орд, равғани пахта, дору, бензин, гандум ва чанде дигарро давлат танзим мекунад.