Фармондеҳи аршади Толибон аз зиндони Покистон озод шуд

Покистон як фармондеҳи аршади Толибони Афғонистонро, ки 8 сол қабл ҳабс шуда буд, озод кардааст.

Оҷонсии хабарии Associated Press ба нақл аз қавли намояндаи хадамоти истихборот навишт, мулло Абдулғанӣ Бародар, яке аз созмондиҳандагони Толибон ва собиқ муовини раҳбари ин гурӯҳ рӯзи 24-уми октябр пас аз як музокирот дар сатҳи олӣ озод карда шуд.

Абдулғанӣ Бародар фармондеҳи дуввуми Толибон дар даврони Мулло Умар буд ва амалиёти ҳарбиро дар ҷануби Афғонистон қабл аз боздошташ дар шаҳри Карочии Покистон дар соли 2010 назорат мекард.

Бинобар гузоришҳо, раҳоии ӯ метавонад ба талошҳои ИМА барои эҳёи музокироти сулҳ миёни силоҳбадастон ва ҳукумат дар Кобул вобаста бошад.

Аммо ВВС аз қавли манбааш навишт, ки «ӯ бинобар беморӣ озод карда шуд».

Аммо ба қавли манбаъ, «воқеан Покистон ҳам мехоҳад, ӯ дар музокироти сулҳ саҳм дошта бошад. Ҳолати ӯ ҳоло хуб аст ва интизор меравад дар ҷараёни сулҳ нақш бозад».

Дар Афғонистон TOLOnews аз қавли манбаи номаълуме мегӯяд, ки дар баробари Бародар, ду фармондеҳи баландпояи дигар - мулло Абдуссамад Сонӣ ва мулло Муҳаммад Расул ҳам озод шуданд.

Мақомоти расмии Афғонистон ва Покистон ҳанӯз ин таҳаввулотро, ки пас аз сафари Залмаи Халилзод, намояндаи вежаи Вошингтон дар Кобул ҷиҳати баррасии музокироти сулҳ рӯй медиҳад, шарҳ надодаанд.