Қарор аст нахуствазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 16 октябр аз мақом истеъфо диҳад, то ки парлумон пароканда шуда интихоботи зудрас баргузор шавад. Баъди пирӯзии ҳизби Пашинян дар интихоботи моҳи гузаштаи Ереван, нахуствазир ба баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлат даъват кард. Худи Пашинян моҳи май дар паи ҳафтаҳо эътирозҳои сиёсии тарафдоронаш сари қудрат омад ва Серж Саркисян аз ҳизби ҷумҳурихоҳро водор кард, ки истеъфо диҳад. Дар як изҳороташ дар остонаи истеъфои фардо Пашинян гуфт, ки Арманистон ба як марҳилаи нави таърихӣ ворид мешавад ва бояд бо ин инқилоби махмалини бидуни хушунатро ба итмом расонад. Ӯ ваъда дод, ки рӯзи 16 октябр дар ин замина бештар изҳори назар мекунад. Арман Эгоян, сухангӯи Пашинян дар сӯҳбат бо бахши армании Радиои Озодӣ рӯзи 15 октябр тасдиқ кард, ки воқеан ҳам рӯзи сешанбе Пашинян истеъфои худро эълон мекунад. Бар асоси қонунҳои Арманистон, агар нахуствазир истеъфо дода парлумон ҷойгузини ӯро интихоб накунад, дар давоми ду ҳафтаи баъди ин баргузории интихобот имконпазир мешавад.