"Дождь" акси нави Мишкинро чоп кард: "Ӯ пешхидмат буд"

Александр Мишкин - яке аз гумонбарони моҷарои заҳролудсозии Сергей Скрипал, афсари собиқи Хадамоти иктишофии Русия, замони таҳсилаш дар Академияи ҳарбӣ-тиббӣ дар Санкт-Петербург дар нуқтаи ғизохӯрии "Гарсон" дар хиёбони Неваи ин шаҳр ба ҳайси пешхидмат кор мекардааст.

Дар ин бора ба телевизиони "Дождь" ҳамкори пешини Мишкин Николай Евдокимов хабар дод.

Ба гуфтаи Евдокимов, вай Мишкинро баъди мусоҳибааш бо сармуҳаррири телевизиони RT Маргарита Симонян шинохтааст. Дар он мусоҳиба Мишкин худро Александр Петров муаррифӣ карда буд.​

Баъди тамошои мусоҳибаи мазкур Евдокимов ба ҳамкоронаш дар "Гарсон" муроҷиат кард. Онҳо дар чеҳраи "Петров" Мишкинро шинохтанд.​

Маъмури қаҳвахона, ки дар ҷои "Гарсон" таъсис шудааст, дар суҳбат бо "Дождь" эътироф кард, ки Мишкинро мешиносад. Шабакаи мазкур акси Мишкинро аз соли 2000-ум нашр кард.

Александр Мишкин, ба иттилои гуруҳи таҳқиқотии Bellingcat, табиби низомӣ ва корманди мақомоти иктишофӣ "Сарраёсати ситоди кулли вазорати мудофиаи Русия" аст. Таҳқиқотчиён мегӯянд, вай унвони Қаҳрамони Русияро дорад.