Шоҳгул Ризоӣ сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон шуд

Шоҳгул Ризоӣ, намояндаи мардум аз Ғазнӣ дар порлумони Афғонистон, сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъйин шудааст. Хонум Ризоӣ рӯзи 13-уми октябр дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин хабар рӯзи гузашта нашр шуд" ва ваъда дод ба зудӣ дар ин бора тафсилот медиҳад.

Шоҳгул Ризоӣ узви ҷунбиши "Рӯшноӣ" буда, дар Кобул зода шудааст. Фориғуттаҳсили риштаи ҳуқуқ ва илмҳои сиёсии Донишгоҳи Кобул мебошад.

Таъйини сафири нави Афғонистон дар ҳолест, ки ин мақом ба камияш ним сол боз холӣ буд. Рӯзи 12-уми октябр доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон дар Душанбе дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки "чӣ мушкил пеш омадааст?" гуфт: "Кадом қасде изофӣ дар ин маврид нест. Ин ҷузъи тартиботи дипломатии байни кишварҳост."

Сафири собиқи Афғонистон дар Тоҷикистон Залмай Юнусӣ ҳанӯз моҳи майи имсол аз мақомаш барканор шуд. Ӯ дар ин вазифа ҳамагӣ як сол кор кард.

Залмай Расулӣ аз афроди наздик ба Атомуҳаммади Нур, волии собиқи Балх гуфта мешуд.

Қабл аз ӯ дар мақоми сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафури Орзу ҳафт сол кор кардааст.