Вазири қирғиз барои худсариҳо аз мақомаш барканор шуд

Таалайкул Исокунова

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков рӯзи 11 октябр вазири меҳнат ва рушди иҷтимоӣ Таалайкул Исокунова аз мақом барканор кард.. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ додааст.

Вакили порлумони Қирғизистон Аида Қосималиева 24 сентябр дархост кард, ки маълумот дар бораи сафарҳои хориҷии вазири меҳнат ва муовинони ӯ санҷида шавад. Ба гуфтаи намояндаи мардумӣ, ба чорабиниҳо ва давраҳои омӯзишӣ, ки мутахассисон даъватӣ буданд, худи вазир ва муовинонаш рафт ва мансабдорони кишвараш ҳато ҳангоми сафарҳои истироҳатӣ низ аз шиносномаи дипломатӣ истифода кардаанд.

Дар пайи ин дархост додситонии кулли Қирғизистон дар Вазорати меҳнат ва рушди иҷтимоии ин кишвар санҷиш гузаронд ва маълум кард, ки Исокунова ва муовинонаш бидуни иҷозати ҳукумат ва сарвазир бо истифода аз шиносномаи дипломатӣ ба хориҷ сафар кардаанд.

Ба маълумоти додситонӣ, Исокунова ҳангоми рухсатии меҳнатӣ бо истифода аз шиносномаи дипломатӣ ва бе иҷозати сарвазир моҳи ноябри соли 2017 ба ИМА ва Аргентина сафар кардааст.

Аз рӯи қонунҳои бисёр кишварҳои Осиёи Марказӣ мақомдорони баландпоя барои рухсатӣ ва сафарҳои хориҷӣ бояд аз президент ва нахуствазир иҷозат бигиранд.