Пулиси Москва боздошти муҳоҷиронро дар намозҳои ҷумъа аз сар гирифт

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Пулиси Москва пас аз танаффуси тӯлонӣ боздошти муҳоҷиронро дар рӯзҳои намози ҷумъа дубора оғоз кардааст. Нахустин боздоштҳо ҳафтаи гузашта сурат гирифтаанд. Кормандони пулис муҳоҷиронро дар назди масҷидҳо боздошт ва ба шуъбаи пулис интиқол медиҳанд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин амали пулиси Москва ғайриқонунӣ аст.