20 миллион кӯмаки бебозгашти Ҳинд ба Тоҷикистон

Акс аз вебсайти президенти Тоҷикистон

Ҳинд ба Тоҷикистон 20 миллион доллар кӯмаки бебозгашт ироа мекунад. Дар ин бора рӯзи 8 октябр дар поёни мулоқоти баландпояи президентони Тоҷикистон ва Ҳинд – Эмомалӣ Раҳмон ва Шри Рам Натҳ Ковинд изҳорот пахш шуд. Дар натиҷагирӣ аз ин мулоқот, вебсайти президенти Тоҷикистон гуфт, ки кӯмаки бебозгашти Ҳинд ба Тоҷикистон ба хотири татбиқи «лоиҳаҳои рушди аз ҳарду ҷониб муайяншуда” тақдим мешавад.

Инчунин, дар ҷараёни сафари раҳбари Ҳинд ба Тоҷикистон чанд санади ҳамкорӣ имзо шуд. Дар миёни онҳо: ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистону Ҳинд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда, барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои хориҷӣ барои солҳои 2018-2021, барномаи табодули фарҳангӣ барои солҳои 2019-2023 ва ёддошти тафоҳуми миёни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивекананд мебошанд.

Президенти Ҳинд рӯзи 7 октябр вориди Душанбе шуд ва дар ҷараёни музокирот бо президенти Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мубориза бо таҳдидҳои мисли терроризм, бунёдгароии динӣ, экстремизму ифротгароӣ ба сулҳу амнияти минтақавию ҷаҳониро баррасӣ кард.