Баъди тасвиби номзадиаш дар сенат Брет Кавана ба ҳайси 114-умин додраси Додгоҳи Олии Амрико қасам ёд кард, ки сухани ниҳоӣ дар масоили муҳимтаринро мезанад.
Маросими адои савганд дар дохили додгоҳ ва дур аз чашми ом сурат гирифт. Садҳо нафар аз мухолифони ӯ рӯзи 6-уми октябр дар назди Додгоҳи Олии Амрико ҷамъ омада ва ба нишони эътироз аз номзадии ӯ роҳ ба самти додгоҳро бастанд.
Пулиси Амрико гуфт, ки 164 тазоҳургарро дастгир кард ва дар умум шумораи тазоҳургарони боздоштшуда дар чанд рӯзи ахир ба садҳо нафар мерасад. Сенати Амрико дар дасти Ҳизби Ҷумҳурихоҳ аст ва дар раъйдиҳии рӯзи 6-уми октябр 50 нафар ба тарафдории ӯ ва 48 нафар мухолиф раъй додаанд.
Пешниҳоди номзадии Брет Кавана ба ҷанҷоли зиёд олуда шуд, чун ӯро ду зан ба азияту озори ҷинсӣ муттаҳам кардаанд, ҳарчанд худаш мегӯяд, иддаоҳо асосе надоранд.
Ҳизби Демократ мегуфт, ки Брет Кавана, дар тасмимгирӣ мустақил нест ва метавонад, зимни қабули қарорҳои Додгоҳи Олӣ бо назардошти манофеи сиёсӣ раъй бидиҳад.