Бюрои федеролии таҳқиқот бозҷӯии қазияи Бретт Кавнаро ба поён расонд

Додгустар Бретт Кавано

Бюрои федеролии таҳқиқот -FBI хулосаи бозҷӯияш дар заминаи иттиҳоми бадрафтории ҷинсии номзад ба мақоми Додгоҳи Олии Амрико Бретт Каваноро ба Кохи сафед пешниҳод кард. Дар ин бора намояндаи президенти ИМА хабар дод.

Президент Доналд Трамп ва шарикони ӯ дар Конгресс аз тайини Кавано ба ин мақом ва изҳороти ӯ дар бораи бегуноҳ буданаш пуштибонӣ мекунанд. Дар чаҳорчӯби ин талошҳо лидери ҷумҳурихоҳон дар Сенат Митч Макконнел раванди райъдиҳӣ ва тасдиқи номзадии Бретт Кавано ба мақоми додраси Додгои Олиро ба рӯзи ҷумъа таъин кард. Пешбинӣ мешавад, ки аз 100 сенатор 51 нафар ба тарафдории Кавано овоз медиҳанд. Агар яке аз онҳо райъи мухолиф диҳад, дар ин сурат сарнавишти Каваноро ноиби раиси ҷумҳур Майк Пенс ҳал мекунад.

Якчанд нафар, ки дар бораи мӯҳтавои иттиҳоми алайҳи Кавано маълумот доранд, ба хабаргузории Reuters гуфтанд, ки Бюрои федеролии тафтишот бо онҳо сӯҳбат накард. FBI, аз ҷумла бо даъвогари аслӣ - профессори равоншиносӣ Кристин Блейзи Форд, ки Каваноро ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам кард, дар тамос нашудаст. Ба ғайри Форд боз ду зани дигар аз бадахлоқии Кавано хабар доданд.

Доналд Трамп номзадии Бретт Каваноро баъдтии истеъфои додгустар Энтони Кеннеди пешниҳод кард. Демократҳо аз ин нигаронанд, ки агар номзадии Кавано тасдиқ шавад тавозуни нерӯ дар Додгоҳи Олӣ ба манфиати муҳофизакорон тағйир меёбад. Додгустарҳо ба ин ниҳоди олии Амрико барои якумр интихоб мешаванд.