Дараҷаи эътимод ба президенти Русия Владимир Путин то сатҳи соли 2013 кофиш ёфт. Моҳи сентябр танҳо 58 дар сади русиягиҳо аз фаъолиятҳои раҳбари давлат пуштибонӣ карданд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант" рӯзи 4 октябр бо такя ба "Левада-центр" - Маркази пурсиши афкори омма хабар дод.
Дар муқоиса бо соли 2017, дараҷаи эътмод ба президент 17 дар сад коҳиш ёфт ва теъдоди онҳое, ки мегӯянд, "Путин қобили эътимод нест" то 13 дар сад бештар шуд.
"Левада-центр" моҳи июн натиҷаи назарпурсиеро нашр кард, ки бар пояи он 51 дар сади русиягиҳо мехостанд Путин баъди соли 2024 низ президенти кишвар бошад. Теъдоди онҳое, ки инро намехостанд 27 дар сад буд.
Ҷомеашиносон коҳиши маҳбубияти Путинро баъди қарори ҳукумат оиди боло бурдани синни нафақа дар Русия мушоҳида карданд. Баъдтар президент пешниҳод кард, ки ислоҳот нармтар шавад ва онҳое, ки кормандро дар фосилаи панҷ сол аз бознишастагӣ ихроҷ мекунанд, ҷазо бигиранд. Думаи давлатӣ ин қонунро ҳам тасвиб кард.