Президенти Русия ба Қонуни ислоҳоти нафақа имзо гузошт

Тазоҳуроти зидди ислоҳоти бознишастагӣ

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 3 сентябр маҷмуаи қонунҳои кишвараш дар бораи ислоҳоти низоми нафақаро имзо кард. Дар ин бора сомонаи расмии Кремл иттилоъ додааст.

Сини нафақа дар Русия тадриҷан барои мардон то ба 65 ва барои занҳо то 60 боло бурда хоҳад шуд. Барои бознишастагии пеш аз мардҳо бояд 42 ва занон 37 сол таҷрибаи корӣ дошта бошанд.

Дар аввал пешбинӣ мешуд, ки сини нафақа барои занон дар Русия то 63 боло бурда мешавад. Ҷомеашиносон пас аз таҳияи лоиҳаи ислоҳоти нафақа поинравии маъруфияти Путинро дар раддабандиҳо мушоҳида карданд. Дертар ӯ пешниҳод кард, ки ислоҳотро сабуктар кунанд ва барои раҳбароне, ки кормандони худро панҷ соли пеш аз бознишастагӣ барканор мекунанд, ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ карда шавад. Ин қонунро низ порлумони Русия ба тасвиб расонда, президент ҳам онро имзо кард.

Путин дар ибтидои моҳи октябр гуфт, ислоҳоти нафақа пули буҷаи давлатро на сарфа, балки хароҷоти иловагиро пешбинӣ мекунад. Ҳукумати Русия дар аввал гуфт, пуле, ки дар пайи ислоҳи низоми нафақа сарфа мешавад, ба афзоиши ҳаҷми кунунии нафақа равона хоҳад шуд.