Трамп дар раддабандии эътимод ба раҳбарони ҷаҳон ҷойи охирро гирифт

Президенти ИМА Доналд Трамп

Президенти ИМА Доналд Трамп дар раддабандии эътимод ба раҳбарони ҷаҳон ҷойи аз ҳама охирро гирифт.

Таҳқиқотро созмони амрикоии Pew Research Center анҷом дод ва рӯзи 1-уми октябр нашр кард. Дар пурсиш 26 ҳазор нафар аз 25 кишвар иштирок кард.

Ҷойи аввалро бо 52 дар сади райъи эътимод садри аъзами Олмон Ангела Меркел соҳиб шуд. Ҷойи дуюмро президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва ҷойи сеюмро раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ишғол карданд.

Президенти Русия Владимир дар ин раддабандӣ дар ҷойи чаҳорум қарор гирифт. Дар пурсиш 30 дар сад ба Путин изҳори эътимод карданд ва 62 дар сад гуфтанд, ки ба ин сиёсатмадор бовар надоранд.

Ҷои аз ҳама охири раддабандӣ насиби президенти ИМА шуд. Танҳо аз се як ҳиссаи пурсидашудаҳо гуфтанд, ки ба қарорҳои Трамп эътимод доранд.

Ҳамроҳ бо сатҳи эътимод ба Трамп маъруфияти Амрико низ коҳиш ёфт. Иштирокдорони назарсанҷӣ аз сиёсати хориҷии ИМА изҳори ноқаноатмандӣ карда ва гуфтанд, ки ин кишвар барои ҳалли мушкилоти ҷаҳон камтарин талошро ба харҷ медиҳад.

Раддабандии созмони амрикоии Pew Research Center ба ду соли раҳбарии Доналд Трамп дар Амрико бахшида шуд.