Президенти Эрон ИМА-ро ба"терроризми иқтисодӣ" айбдор кард

Маҷмаи умумии СММ

Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар ҷаласаи Маҷмаи умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк, ба суханҳои президент Доналд Трамп посух дод, ки рӯзи сешанбе аз ҳамин минбар садо дода буд.

Руҳонӣ Трампро ба нақзи уҳдадориҳое айбдор кард, ки ИМА бар зимма гирифтааст. Ӯ ҳамчунин президенти ИМА-ро ба "ҷангара"-е монанд кард, ки кишварҳои дигарро барои хориҷ шудан аз созиши ҳастаии Теҳрон бо абарқудратҳои ҷаҳон дар соли 2015 маҷбур мекунад

Ӯ гуфт, хориҷ шудани Вашингтон аз созишномаи ҳастаӣ ва "таҳримҳои ғайриқонунии якҷониба"-и он як навъи терроризми иқтисодӣ аст.

Президенти Эрон изҳори таассуф кард, ки бархе аз раҳбарони ҷаҳон бо дастгирии экстремизм, нажодпарастӣ ва гароишҳои бегонаситезӣ раъйи мардумро ба даст меоранд. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна раҳбарон қоидаҳои ҷаҳониро поймол карда, ниҳодҳои байналмилалиро аз байн мебаранд.

Ба суханҳои Трамп раҳбарони ду кишвари узви НАТО - Туркия ва Фаронса низ вокуниши манфӣ нишон доданд. Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳангоми суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, ҳеч кас набояд дар баробари дасткашии худсарона аз созишномаҳои тиҷорӣ ва истифодаи таҳримҳои иқтисодӣ ҳамчун силоҳ хомӯш биистад.

Президенти Фаронса гуфт, дар робита ба мушкили Эрон гуфт, "мо медонем, ки Эрон роҳи тавсеаи силоҳи ҳастаиро пеш гирифт. Вале созишномаи соли 2015 онро боз дошт. Имрӯз мо набояд ташаннуҷи минтақавиро вазнинтар кунем. Беҳтар аст, муколамаро пеш гирифта, ба ҳалли мушкилиҳои Эрон бархурди ҳамаҷониба кунем", - изҳор дошт президенти Фаронса.