Коргардон ва ҳунарманди 81-солаи синамо Билл Косби рӯзи 25-уми сентябр бо ҷурми бадахлоқии ҷинсӣ ва таҷовуз дар се мавриди собитшуда ба се соли зиндон маҳкум шуд.
Қаблан ҳайати мунсифа Косбиро ба ин айбдор кард, ки ӯ соли 2004 ба корманди Донишгоҳи Темпл маводи мухаддир дод ва сипас ӯро таҷовуз кард.
Даҳҳо зан Косбиро ба бадахлоқӣ ва таҷовуз муттаҳам карданд, вале бинобар бисёр қадимӣ будани ин даъвоҳо ӯро натавонистанд ба ҷавобгарӣ кашанд.
Додгоҳи аёлати Пенсилвания, ҳамчунин, Билл Косбиро ба пардохти 25 ҳазор доллар ҷарима муваззаф кард. Вакилони мудофеи ҳунарманд аз додгоҳ хоҳиш карданд, ки бинобар пирӣ ва сиҳатии заиф (Косби расман нобино ҳисоб мешавад) зиндонро ба ҳабси хонагӣ иваз кунад.
Аммо айбдоркунандаҳо гуфтанд, ки озодии Косби ҳоло ҳам барои занҳо хатар дорад ва хостанд, ки ӯ ба 10 соли зиндон маҳкум шавад.
Моҳи май Академияи синамои Амрико Билл Косбиро барои нақзи меъёрҳои ахлоқӣ аз ҳайаташ хориҷ кард.
Билл Косби миёнаҳои солҳои 1980 дар барномаи "Шоуи Косби" нақши падари як хонаводаи африқоиву амрикоиро мебозид. Аз баракати ин нақш ӯ шӯҳрати чеҳраи бонуфузи ахлоқӣ ва унвони "падари аслии Амрико"-ро ба даст овард.
Моҳи октябри соли 2017 даҳҳо ҳунарманди зан коргардони шинохтаи амрикоӣ Ҳарви Вайнштейнро ба бадахлоқии ҷинсӣ муттаҳам карданд. Ба дунболи ин, ҳунармандони машҳури синамо, сиёсатмадорон ва журналистон низ дар заминаи даъвоҳои бадахлоқӣ дар маркази таваҷҷуҳи матбуот ва ҷомеа қарор гирифтанд.