Рӯзноманигори қазоқ Ирина Бекетова дар Остона кушта шуд

Ирина Бекетова

Шаби 24 ба 25 сентябр дар Остона, пойтахти Қазоқистон рӯзноманигори 27-сола Ирина Бекетова дар пайи як ҳамла кушта шуд. Ҷасади Бекетоваро аз назди даромадгоҳи биное пайдо карданд, ки ӯ дар он зиндагӣ мекард.

Ирина Бекетова тайи даҳ сол дар нашрияи "Қазақстан теміржолшысы – Роҳиоҳанчии Қазоқистон" кор карда, моҳҳои ахир бо сомонаи иттилоотии Nur.kz ҳамкорӣ дошт.

Ба гуфтаи ҳамкораш Елена Нефедова, Бекетова чаҳор кӯдакро ба танҳоӣ бузург мекард. Фарзанди калониаш маъюб буда, дугоникҳояш чанде пеш сесола шуданд. Ҳамкорони рӯзноманигор ба воситаи паёмакрасонҳо хабар доданд, ки барои хонаводаи Бекетова пул ҷамъ мекунанд.

Пулис дар куштори Бекетова як сокини 34-солаи Остонаро айбдор мекунад. "Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Барқасдона расонидани осеби ҷисмонӣ, ки боиси марги ҷабрдида гардидааст", парванда боз шуда, барои боздошти гумонбар чораҳо андешида мешавад", - иттилоъ додааст Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон

Вазорат сабаби ҳамлаи марди гумонбар ба рӯзноманигорро ифшо намекунад. Маросими видоъ бо Бекетова 27 сентябр дар масҷиди воқеъ дар наздикии бозори "Артем" баргузор хоҳад шуд.