Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дархости Лаҳистонро барои ҳузури низомии доимӣ дар қаламрави он кишвар меомӯзад. Дар ин бора президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 18-уми сентябр қабл аз мулоқот бо президенти Лаҳистон Анҷей Дуда дар Вашингтон хабар дод.
Лаҳистон кайҳо боз хостори истиқрори доимии нерӯҳои Амрико дар қаламраваш аст.
Ба гуфтаи Анҷей Дуда, дар сурати таҷовузи Русия ин ягона кафолати амният аст, зеро Маскав солҳои ахир ҳузури низомиашро дар Аврупои Шарқӣ афзоиш медиҳад.
Президенти Лаҳистон гуфт, ки ҳузури низомиёни Амрико дар хоки Лаҳистон ҷавобгӯи манофеи Варшава ва Вашингтон аст. Трамп бо назари ҳамтои лаҳистониаш розӣ шуд ва гуфт, ки ин дархостро меомӯзад.
Хабари эҳтимоли истиқрори нерӯҳои ИМА дар хоки Лаҳистон моҳи май пайдо шуд. Вазири дифои он кишвар Мариуш Блашак гуфт, ки кишвараш омодааст барои рушди ин тарҳ то 2 миллиард доллар ҷудо кунад.