Кумитаи Шӯрои Аврупо дар умури ҳушдор аз шиканҷа ва таҳқири шарафи инсонӣ Маҷористонро барои рафтори бераҳмона бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ шадидан танқид кард. Ин нукта дар гузориши Кумита нашр шудааст, ки рӯзи 18-уми сентябр пахш шуд.
Санад шаҳодати паноҳандагонеро нашр кардааст, ки ҳангоми берун кардани онҳо аз Маҷористон ба Сербистон мавриди зӯроварӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи ин афрод, ходимони пулиси маҳаллӣ сагҳоро алайҳи онҳо шӯронданд, бо пой ва чӯбдаст латту кӯб карданд ва ба чашмонашон мурч (қаланфур) пошиданд. Ин шикоятҳо аз ҷониби табибон, ки зарардидагонро муоина мекарданд, тасдиқ шуд.
Кумитаи Шӯрои Аврупо аз ин нигарон аст, ки мақомоти кишвар паноҳҷӯёнро дар марҳилаи баррасии дархости онҳо, дар минтақаи транзитӣ нигаҳ медоранд. Ин ҳолат бо кӯдакон ва наврасон низ пахш мешавад, ки бе роҳбаладии калонсолон ба ин кишвар омаданд.
Ҳукумати Маҷористон гузориши Кумитаи Шӯрои Аврупоро сиёсӣ ва далелҳояшро дур аз ҳақиқат унвон кард.
Як ҳафта пеш намояндагони Порлумони Аврупо Маҷористонро барои нокомӣ дар усули ҷудо кардани шохаҳои қудрат, поймол кардани ҳуқуқи сиёсӣ ва фасодкорӣ таҳрим кард. Акнун Шӯрои Аврупо бояд тасмим бигирад, ки дар чаҳорчӯби Созишноми Иттиҳоди Аврупо Маҷористонро ҷарима мекунад ё не. Тибқи банди 7-и ин созишнома Маҷористон метавонад аз ҳаққи овоз дар Иттиҳод маҳрум шавад.