Додгоҳи шаҳрии Бишкек рӯзи 17 сентябр ҳукм кард, ки ҳабси пешакии шаҳрдори пешини пойтахти Қирғизистон Албек Ибраимовро то 28 октябр бетағйир гузошт. Вакили дифои Ибраимов -- Сергей Слесарев гуфт, аз болои ҳукм ба Додгоҳи олии Қирғизистон шикоят мебаранд.
Ибраимов 27 августи соли равон бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек то 28 октябр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Ҷонибдорони шаҳрдори пешин дар назди бинои додгоҳ тазоҳурот карданд. Ба ҳисоби хабарнигори Бахши қирғизии Радиои Озодӣ, дар тазоҳурот ҳудуди 50-60 одам иштирок карда, баргузории мурофиаҳои боз, баррасии одилонаи парвандаи Ибраимов ва раҳоии ӯро аз ҳабси пешакӣ хостор шуданд.
Албек Ибраимов 19 июли соли равон боздошт шуд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон парвандаеро тафтиш мекунад, ки дар доираи он ширкати Ибраимов дар фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ошкор шудааст.
Ба вижа, ширкати "ТНК Дастан" арзиши аслии як маҳсулотро зиёд нишон додааст. "Тафтишот муайян кард, ки Ибраимов зимни бастани шартнома бо ширкати "ТНК Дастан" барои расонидани маҳсулоти низомӣ, аз ширкат 270 ҳазор доллар подош дарёфт кардааст", - омадааст дар хабарномаи КДАМ.
Ба иттилои тафтишот, Ибраимов дар мақоми шаҳрдории Бишкек низоми фасодолуди фурӯши ғайриқонунии заминҳоро ба роҳ монда, ба шахсони воқеӣ қитъаи замин фурӯхтааст.