Шурӯи истихроҷи нуқра дар кони "Якҷилва"-и Мурғоб

Ноҳияи Мурғоб яке аз қаламравҳои баландкӯҳи Тоҷикистон ба шумор меравад

Ширкати C.A. Minerals дар кони «Якҷилва»-и воқеъ дар ноҳияи Мурғоб ба истихроҷи нуқра шурӯъ кард. Дар ин бора рӯзи 17 сентябр оҷонсии Рейтерс хабар дод. Кони нуқра дар баландии 4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, то ҳол ширкат ба ин тарҳ беш аз 90 миллион сомонӣ ваё 10 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Корхона тавони истихроҷи 50 ҳазор тонна маъдан дар як солро дорад, ки тахминан 12,5 ҳазор тонна нуқра содир мешавад. Захираҳои нуқраи кони “Якҷилва” 205 ҳазор тонна нуқра ҳисоб шудааст, менависад манбаъ.

Корҳои омӯзиши кони “Якҷилва” ҳанӯз солҳои 1960-ум, дар даврони шӯравӣ оғоз шуд, баъди ин соли 1984 то 1991 таҳқиқи захираҳои ин кон ба роҳ монда шуд. Дар давраи истиқлолият, соли 2007 ширкати қазоқии C.A. Minerals литсензия ё иҷозатномаи истихроҷи нуқраро ба даст овард, вале кори корхона тоза шурӯъ шуд. Мӯҳлати истихроҷи нуқра дар ин кор 12,5 солро ташкил медиҳад.