Низомиёни тоҷик дар ИМА дар машқҳои зиддитеррористӣ ширкат мекунанд

Вазорати дифои Тоҷикистон ширкати низомиёни кишварро дар як размоиши ҳарбӣ дар Амрико тасдиқ кард. Як масъули вазорати дифоъ гуфт, ин машқи низомии муштарак барои тақвияти тавонмандии неруҳои зудамали Тоҷикистон дар роҳи мубориза терроризм тундгароӣ ва қочоқи маводи мусоидат хоҳад кард. Ориф Нозимов, масъули дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 11 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳи низомиён тоҷик рӯзи 8 сентябр бо ҳадафи ширкат дар машқҳо ба Амрико рафт.

Рӯзи 10 сентябр дар пойгоҳи низомии Эдвардси аёлати Массачусетс машқҳои низомие шурӯъ шуд, ки дар он як воҳиди низомӣ аз Тоҷикистон ҳам ширкат мекунанд. Фармондеҳии марказии нирӯҳои мусаллаҳи Амрико, ки фаъолият дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолиро зери назар дорад, рӯзи душанбе дар бораи шурӯи машқҳои низомии таҳти унвони “Ҳамкориҳои минтақавӣ-2018” эълон кард. Дар ин машқҳо низомиён аз чандин кишвар, аз ҷумла, Афғонистон, Муғулистон, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок мекунанд. Машқҳо то 21 сентябр идома мекунанд. Ҷараёни машқҳоро нозирон аз Қазоқистон мушоҳида мекунанд. Ҳадафи асосии машқҳо –ҳимояти марзҳо, тамрини амалиёти зиддитеррористӣ, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир мебошад.