Александр Петров ва Руслан Боширов, ду нафари муттаҳам ба заҳролудшавии афсари пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар Солсбери, чанд дафъа ба Женева рафтаанд. Дар ин бора нашрияи бритониёии Telegraph рӯзи 8-уми сентябр бо такя ба манобеи худ дар ҳукумат хабар дод.
Ба навиштаи нашрия, Петров ва Боширов камаш ҷудо аз якдигар шаш дафъа ба Женева рафтаанд. Аз моҳи ноябри соли 2017 то моҳи феврали соли 2018 онҳо нуҳ бор билети рафту баргаштро харидаанд.
Манобеъ гуфтаанд, мақомоти Бритониё метавонист иттилоъ дар бораи ин ду гумонбарро хеле барвақт ошкор кунад. Аммо Лондон ин корро дар остонаи Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия накардааст, то ҳаёти шаҳрвандонашро зери хатар нагузорад.
Ба иттилои нашрияи Telegraph, Александр Петров ва Руслан Боширов ба ҷуз аз Женева, ба Порису Амстердам ва Бергамо низ рафтаанд. Онҳо асосан аз хадамоти ширкати “Аэрофлот” истифода кардаанд.
Корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4-уми марти имсол дар яке аз боғҳои Солсбери дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Бритониё гуфт, Русия онҳоро бо гази фалаҷкунандаи асаб - "Новичок" заҳролуд кард. Аммо Маскав иттиҳомро рад мекунад.
Хадамоти додситонии шоҳигарии Бритониё рӯзи 5-уми сентябр ду шаҳрванди Русия – Александр Петров ва Руслан Бошировро барои талоши куштор ва истифодаи силоҳи кимиёӣ гумонбар эълон кард.