Шумори сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб то 1-уми июли соли 2018 ба 208 ҳазор нафар расидааст.
Тибқи оморҳои расмӣ, аҳолии Кӯлоб то охири соли 2017 ба ҳудуди 200 ҳазор расида буд. Хайрулло Амонулло, шаҳрдори Кӯлоб дар ифтитоҳи боғчаи бачагона дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баромад карда гуфт, ки тибқи омори расмӣ аҳолии Кӯлоб то 1-уми июли соли 2018 ба 208 ҳазор нафар расид. Хайрулло Амонулло гуфт, ки аз ин шумора 18 ҳазори онро кӯдакони аз 3 то 6-сола дар бар мегирад. Ӯ дар идомаи суҳбаташ аз он интиқод кард, ки аз ин шумора танҳо 1356 кӯдак ба боғча ҷалб шудаанд ва кам будани кӯдакистонҳо бо тарбияи томактабӣ фаро гирифтани атфоли дигарро имкон намедиҳад.
“Ин ҳам бошад, ҳашт муассисаи давлатӣ ва ду муассисаи томактабии хусусӣ фарогири таълиму тарбия ҳастанд, ки ин бениҳоят нокифая ва ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ғайриқаноатбахш аст,” - гуфт Хайруллои Амонулло.
Шумораи аҳолии шаҳри Кӯлоб дар ҳоле аз марзи 200 ҳазор нафар убур кард, ки аксари аҳолии ин минтақа аз роҳи кишварзӣ ва қисми дигараш дар муҳоҷират даромад дарёфт мекунад. Ин шаҳр низ аз замони шурӯвӣ сеюмин шаҳри бузургӣ Тоҷикистон ҳисоб мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 26-уми май эълон карданд, ки шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 9 миллион нафар расид. Тоҷикистон аз ҷиҳати суръати афзоиши аҳолӣ дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар ҷойи аввал меистад.
Бар асоси омори расмӣ шумораи аҳолии Тоҷикистон ҳар сол ба ҳисоби миёна то 2,2 дарсад ё 200 ҳазор нафар афзоиш меёбад. Афзоиши мунтазами аҳолӣ ҳоло Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷавонтарини дунё табдил додааст.