Баҳси ҳиҷоби талабаҳо дар деҳаи тоҷикнишини Қазоқистон доғ шуд

Қазоқистон - Талабаҳои ҳиҷобпӯш аз деҳаи Фирдавсӣ

Дар деҳаи Фирдавсии вилояти Туркистони Қазоқистон, ки дар он асосан тоҷикҳо зиндагӣ мекунанд, рӯзи сеюм аст духтарони ҳиобпӯшро ба дарс роҳ намедиҳанд. Рӯзи 5 сентябр даҳҳо талаба дар пушти дари мактаб ҷамъ шуданд, ки иҷозат надоштанд бо ҳиҷоб дохили мактаб шаванд. Хонандагонро волидонашон ҳам ҳамроҳӣ мекарданд.

Аз оғози соли таҳсил маъмурияти мактаби ба номи Фирдавсии деҳаи Фирдавсӣ хонандагонро бо рӯймол ба дарсҳо роҳ намедиҳанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта духтарон бо рӯймол дар дарсҳо ширкат мекарданд.

Маъмурияти мактаб ва мақомоти дигари маориф бо такя ба фармони вазири маорифи Қазоқистон аз 14 январи соли 2016 "дар бораи либоси мактабӣ" духтаронро бо ҳиҷоб ба дарс роҳ намедиҳанд.

Волидони хонандагон мегӯяд, зид нестанд, ки духтаронашон дар дохили синфхона бо сари ӯрён нишинанд, аммо намехоҳанд, ки онҳо ба мактаб бе рӯймол раванд.

Муовини ҳокими ноҳияи Мактаарали вилояти Туркистон Олтин Ешенқулова гуфт, бо волидони норозӣ гуфтугӯ ҷараён дорад ва комисияи махсус ҳам таъсис шудааст.

Деҳаи Фирдавсӣ дар 300-километрии шаҳри Чимкент ҷойгир аст. Дар ин деҳа асосан тоҷикон зиндагӣ мекунанд ва дарсҳо низ дар мактаб бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Хонандагон ва волидони онҳо мегӯянд, рӯймолбандии духтарон ба "анъанаҳои миллӣ" рабт дорад.