Номи сафири ояндаи Амрико дар Тоҷикистон маълум шуд

Президенти Амрико Доналд Трамп номзадии дипломат Ҷон Поммершаймро ба мақоми сафири ин кишвар дар Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Поммершайм ҳоло дар сафорати Амрико дар Қазоқистон кор мекунад.

Қаблан ӯ дар консулгари генералии Амрико дар Владивосток ва шаш намояндагии Иёлоти Муттаҳида дар хориҷ, аз ҷумла дар Чину Ҷопон кор кардааст.

Ӯ забонҳои русӣ, олмонӣ, ҷопонӣ ва чиниро медонад.

Ҳоло бояд Сенати Амрико номзадаии Ҷон Поммершаймро ба мақоми сафири ИМА дар Тоҷикистон тасдиқ кунад.

Дар ҳоли ҳозир Кевин Коверт кордор ваё иҷрокунандаи вазифаи сафири Амрико дар Тоҷикистон аст.