Вазорати маориф ва илми Қирғизистон 4 сентябр гуфт, ёддошти тафоҳуме, ки миёни он ва бунёди "Маориф"-и Туркия имзо шуд, таъсиси муассисаҳои таълимиро пешбинӣ мекунад.
Вале вазорат ҷузъиёти ҳамкории ду кишварро дар ин бобат шарҳ надод ва танҳо гуфт, ки он дар рафти корҳои муштарак маълум хоҳад шуд. Бар пояи ёддошт, барои таҳияи тарҳи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи фаъолияти бунёди "Маориф" гуруҳи кории муштарак ташкил хоҳад шуд.
Фаъолияти мактабҳои бунёди "Маориф" дар Қирғизистон бар асоси қонуни маорифи ин кишвар ба роҳ монда мешавад. Ёддошт 1 сентябр дар ҷараёни сафари президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ба Қирғизистон имзо шуда буд.
Туркия соли 2016 аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки фаъолияти “гюлениҳо”-ро дар ин кишвар манъ кунанд. Раҳбарияти онвақтаи Қирғизистон ин талаби Анқараро рад кард. Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон гуфт, мақомоти турк ба умури дохилии кишвари онҳо дахолат мекунанд.
Дар Қирғизистон як қатор муассисаҳои таълимиву хайрияе ҳастанд, ки ба пайравони руҳонии мухолифи турк Фатҳулло Гюлен тааллуқ доранд. Бузургтарини онҳо шабакаи муассисаҳои таълимии “Себат” аст, ки соли 2017 ҳамчун созмони маҳаллӣ дар Қирғизистон сабти ном шуда, унвони “Сапат”-ро гирифт.
Анқара пештар аз Бишкек хост, шабакаи мактабҳои "Сапат"-ро бандад ва моликияти онҳоро дар ихтиёри бунёди "Маориф"-и ҳукумати Туркия гузорад. Мақомоти турк ба ин ҳадафи худ дар кишварҳои Африқои Шимолӣ, Озарбойҷон ва Туркманистон расиданд. Дар Қазоқистон номи шабакаро иваз карданд, вале худи мактабҳо дар шакле, ки буданд, ҳифз шуданд.